Ту хазон мерезӣ акнун бар сарам.

Ту хазон мерезӣ акнун бар сарам,
Он сари масти хуморамро бидеҳ!
Сабзаҳо чун шавқи ман хушкидаанд,
Он гули рухсори ёрамро бидеҳ!
Лошаҳое мондаанд аз мову ту,
Фасли рушди баргу борамро бидеҳ!
Дар дили шабҳо дилам таҳ меравад,
Он дили шабзиндадорамро бидеҳ!
Тирамоҳи умри ман! Дод аз ту, дод!
Навбаҳори рӯзгорамро бидеҳ!
1.7.1980

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail