ТУ ҶАВОН БУДИВУ МЕМОНӢ ҶАВОН

Дӯстам Мирзо!
Дар ин асри наҷиб,
Зиндагии шоирона доштӣ,
Бо суруди хеш тухми дӯстӣ
Дар дили ҳар қавму миллат коштӣ.

Номи некат бар забон меоварад
Африқои ҷабрдида асрҳо,
Беҳтарин фарзанд мехонад туро
Қитъаи бедоргашта Осиё!

Рӯ ба рӯям сурати зебои ту,
Дар нигоҳат як ҷаҳон рози ниҳон
Гуфтугӯ дорем бо ҳам бесухан,
Бо муҳаббат дӯстони меҳрубон.

Ваҳ, чи хуш бигзашт айёми шубоб,
То ки нав фирӯз гардад бар куҳан
Деҳ ба деҳ рафтему мекардем кор,
Бо каланду белу бо шеъру сухан.

Аз ҳаёти нав сабақ омӯхтем, —
Наҳри Фарғона, раҳи Боми Ҷаҳон,
Ҷанги тӯлониву иншооти Вахш
Ҳар яке бигрифт аз мо имтиҳон.

Корвони соле бисёре гузашт,
Шул куҳан ҳар он чи нав буд як замон,
Пир гардиданд ёронат вале
Ту ҷавон будиву мемонӣ ҷавон.

Ман намехонам туро кӯтоҳумр,
Хуб медонам, ки ин ҳарфи хатост.
Умри шоир ибтидо дорад, вале
Чун суруди ошиқон беинтиҳост…

Дар ҷаҳони кӯҳнасоҳу навталаб,
Шоири нав бегумон ояд ҳаме,
Лек дар ҳар лаҳзаи шодиву ғам
“Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме”.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close