ТУ СУРУДИ ДИЛИ МАН

Ту суруди дили ман,
Ту сурудӣ, ки ҳама рӯзу шабӣ дар дили ман.
Ту дуруди дили ман,
Ту дурудӣ, ки сириштӣ ҳама обу гили ман.

Ту ҳамонӣ, ки ба ҳар ҷузви ту бошад ватане,
Ватани ишқи ман аст.
Ту ҳамонӣ, ки туро васф кунад ҳар сухане,
Сухани ишқи ман аст.

Биравӣ ту зи гузаргоҳи дил озодаву шод,
Ба сари мӯйи ту ларзон дилам аст.
Бидиҳӣ ишқи самовӣ ба мани хокниҳод,
Ба раҳат хок шавам, хок, кам аст.

Шавқи дидори рухат медиҳадам шаҳпари ишқ,
То фаро ояд аз ин суду зиёни башарӣ,
То биёбам, ки дар ин кишвари беохири ишқ,
Ҷуз муҳаббат ба ҷаҳон нест нишоне дигаре.

Ту самоӣ, ки фарозат ҳама ишқ асту сафо,
Мавҷи ахтар занад он синаи пурнуру шарор.
Сари шаб ҳамчу маҳи нав кашам оғӯш туро,
То диҳад ишқ камолам ба шаби бӯсу канор.

Ончунонам бисиришт Эзиди ин ҷону ҷаҳон,
Ки ба ҳар зарраи ман оламе аз ишқи ту аст.
Ғайри ширинии дарди ту чӣ орам ба забон,
Ки шаби бозпасин
Ман ба шукри ғами ишқи ту забон хоҳам баст.

Ту ки ҳоло зи манӣ,
Ман ки ҳоло зи туям,
Ту ҳама рози манӣ,
Ман ҳама рози туям.

Шодмони дами ишқем, чӣ бошад ғами ишқ,
Дили мо дар бағали ишқ ҷавон хоҳад монд.
Дили беишқ равад беасар аз олами ишқ,
Аз ману ту ғазали ишқ нишон хоҳад монд.

Ту суруди дили ман,
Ту сурудӣ, ки ҳама рӯзу шабӣ дар дили ман.
Ту дуруди дили ман,
Ту дурудӣ, ки сириштӣ ҳама обу гили ман.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail