Тӯи колхоз

Мевазад боди тозаву форам,
Барги гулҳо ба ҷунбишанд аз он.
Мешавад паҳн дар фазо ҳар дам,
Ин суруди қадими кӯҳистон:
“Рӯзу шаб рӯди Панҷи ноором
Мезанад доду мезанад фарёд.
Меравад худсарона,
лекнин ром
Ҳеҷ касро намешавад.
Ҳайҳот!
Кӯҳи хоро нигар, ки уштурвор
Бар сари ганҷҳо намуда хоб,
Ҳеҷ гоҳе намешавад бедор
Ӯ зи фарёди Панҷи заррин-об…”
* * *
Бо рафиқи азизу хушсӯҳбат
Тай намудем роҳи бисёре,
Роҳ рафтему дар ҳамин муддат
Нагирифтем дам ягон боре…
Гаҳ зи пайраҳаҳои борике
Мегузаштем бехатар ҳар ду
Ку дар он ҷой роҳи ҳамворе?
Меҷаҳидем гоҳ-гоҳе мо
Аз сари санг бар сари санге
Чобукона, мисоли оҳуҳо.
Гоҳ-гоҳе дучор мегаштем
Бо чунон роҳҳои ноҳамвор,
Ки фақат насли шердил з-онҳо
Метавонад гузашт беозор.
Мана аз нав диёри ободе
Шуд намудор.
Ваҳ, чӣ сон зебо!
Менамудем ҳардумон шодӣ,
Роҳ кам монда буд то он ҷо.
Ҷӯраам гуфт: – Аспҳои мо
Дар ҳамин деҳаанд.
Савор шуда
Халтачаро – Тохтан гир, ҷӯра,
Ӯ ба сӯям дароз бинмуда,
Гуфт: – Гир ин махоркаву печон,
Ҳардумон мекашем, дигар нест.
Дар ҳамин деҳа бояд аз ёрон
Қарз гирем, илоҷи дигар чист?
Папиросҳои “Ява”-ю “Дукат”
Дар ҳама ҷо пуранд, бисёранд,
Ба ту равшан, ки мардуми солдат
Ба махорка муҳаббате доранд,
Кайфу хумори ин бувад дигар.
Ҳамаашро накаш, ба ман ҳам деҳ,
Бас ба ман, ки дар сафар, додар,
Ба гумонам, ки кам кашидан беҳ.
Майл дорӣ агар ба нӯшидан,
Мекушоям фляжкаро, ин об
Аз ҳамон чашмае, ки дилбари ман
Мебарад об дар шаби моҳтоб.
* * *
Туӣ колхоз…
Дар либоси ид
Мардуми бахтёр – пиру ҷавон.
Дар ҳама ҷой сабзу сурху сафед,
Байрақи сурх чун шафақ рахшон.
Мо ба боғи калони он колхоз,
Ки дар он ҷой пур зи одам буд,
Омадему садои созу навоз
Буд дар авҷ, одамон хушнуд.
Ҳофизон шеър хонда, духтаракон
Дар либоси сафеду сурху кабуд
Менамуданд рақсҳо, ки аз он
Маст мешуд касе, ки он ҷо буд.
Рақси шамшерро ҷавонписарон
Сар намуданд аз паи онҳо,
Ҷӯраам гуфт бо лаби хандон,
– Ин ҳама ҷонишин дар хизмати мо!
Ҷанги кабкону шасти чавгонро
Рафта бо чашми хеш мо дидем,
Гӯштингирии ҷавононро
Низ дидему завқҳо бурдем.
Ҷӯраам ногаҳон ба ман гуфто,
Ки: – Ба он сӯи Панҷ як бингар,
Гарчи дуранд сад қадам, аммо
Зиндагию маромашон дигар…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close