ТУРНАҲО

Он турнахои хушсафи паҳнои осмон,

Пайваста меҳр бо ҳаму аз чӣ садо диҳанд?

Доғе ба рӯи сафҳаи дил аз чӣ карда ҷо,

Майли сафар намудаю савте чаро диҳанд?

 

Озод ҳамсафар буваду роҳашон сафед,

Ояд писанд кишваре, он ҷой мепаранд.

Бори гарон, чудоӣ, наафтад ба дӯшашон,

Савти ҳазин зи пардаи дил аз чӣ офаранд?

 

Ин шева шояд аз ғами он ломакониҳо,

Оваҳ, ки беватан гузарад умри турнаҳо.

Эй даҳр, гӯй баҳри чӣ дар чашми хештан,

Бар турнаҳо ту дорӣ чунин рӯзро раво?

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close