ТӮЙ

Доим, доим тӯй шавад,
Дарвозаҳо ҳам ҳӯи шавад.
Аз мақдами домод, арӯс,
Девору дар хушрӯи шавад.
Гар аз канори ҷӯи раванд,
Ширин оби ҷӯй шавад.
Монанди боғ дар рӯзи тӯй,
Атроф ҳама хушбӯй шавад.
Мардум нишинанд ош хӯранд,
Сӯҳбат- гуфтугӯй шавад.
Ин аст ҳаёту зиндагӣ,
Гуфтем, бигӯем, тӯй шавад!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail