Ӯ БА МО МАКТАБ КУШОД

Деҳаи ман!
Ваҳ, чӣ ширин ин сухан!
Он даме, ки хурд будам, фаҳми ман,
Буд аз ман хурдтар.
Деҳаи хурдам бароям буд Ватан,
Кӯҳҳои ӯ сипар, –
Иқтидорам хондамаш.
Деҳаи ман…
Менамудам ман гумон
К-аз Маҳу Хуршеду аз Сайёрагон
Деҳаям пурнуртар,
Мардумаш ҳатто зи Рустам-паҳлавон
Зӯртар, машҳуртар.
Ифтихорам хондамаш.
Лек танҳо як нафар, –Ленин-падар, –
Аз тамоми зӯрҳо буд зӯртар!
Ӯ ба мо мактаб кушод,
Бар гадою бенавою коргар
Нон бидоду ҷома дод.
Ҳамдиёрам хондамаш!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close