УҚОБ, УҚОБ АСТ

Аз паси кӯҳҳои сарбафалак
Чун баромад фотеҳона хуршед,
Ба истиқболаш
Аз қафаси танге уқоб
Фарёди ҷонгудозе кашид.
Ҷонваракони озоду бандб
Садояшро чун шуниданд
Бетартибона ба ҳар сӯ
Ҷаҳиданд, давиданд, париданд.
Дида ин ҳолро зоғе
Бе изтиробу шитоб
Гуфт:–Оре, уқоб –
Бедор ё дар хоб аст,
Озод аст ё бандӣ,
Аммо уқоб аст!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close