УЗРИ ЛАНГ..

Ки мемонӣ ба шеъри носуруда,
Ё насиби норабуда,
Ё умеду орзуи монда дар дил,
Аз талоши зиндагонӣ монда ғофил…
Туро ман мешиносам, хӯшаи помолгардида,
Ба монанди ҳавасҳои ҷавонӣ,
Ба сони ишқи новарзида
Дар як кунҷи дил монда чу ганҷи бостонӣ.
Шуморо мешиносам, чашмаҳое,
ки ба дарёҳо наёмезед,
Ба тӯфонҳо напардозед,
Ба соҳилҳо набистезед.
Шуморо мешиносам, рӯдҳои масти тӯфонҷӯш,
Шуморо ром карданду миёни
соҳили маснӯъи қолабсон
Басо беҷӯшу бешӯру забонбаста равон ҳастед.
Чу шери баста дар занҷир,
худро бурдаед аз ёд.
Шумо, эй рӯдҳои нурзоянда,
Ки месозед равшан роҳҳои дури оянда!
Ҳаметарсам, ки рӯзе соҳибонтон
баҳри шамъе зор хоҳад шуд,
Сари сарчашма охир ташна хоҳад мурд,
Аз ин сарчашмадорӣ худ чӣ хоҳад бурд?
Шумо – дастихуши ин зӯрдастонед,
Ки аз афсунашон гум мешавад афсонаи ҳастӣ.
Шумо – маҳруми асли худ,
Шумо – афгонаи2 ҳастӣ!
Шуморо мешиносам, сангҳои зерипомонда,
Зи асли худ ҷудо монда!
Агар дасти ҳунарманде шуморо метарошид,
Ба рагҳотон равону рӯҳ мебахшид,
Бузургони ҷаҳони мозию имрӯзро бас буд,
Ки аз як пораи беҷонатон ҷони абад ёбанд…
Шуморо мешиносам ҷумла гулҳое,
ки хушбӯеду беҳамто,
Ва чун дӯшизаи зебо
Ва ё мисли ҷавони қобилу доно
Шуморо мекананд аз шох ё аз бех бепарво,
Валекин чун гули беор мерӯянд
ноинсофу нокасҳо…
Шумо, эй барраҳои ҷаъдмӯ,
Зебо чароед?
Ба монанди гули хушбӯ,
Шуморо мекушанд охир!
Шуморо ҷаъдмӯӣ мекушад ё нафси инсонҳо?
Шумо арзандаи онед,
Ки зебоӣ шавад қурбони зебоӣ,
Вагарна чист зебоиву доноиву яктоӣ?
Ҷавонмаргон!
Агарчи талхияшро як дили ҳассоси шоир
мекунад эҳсос,
Валекин зиндагонии шумо як лаҳзаи
бисёр ширин аст
Ва гарчанде ки дида ё надида ин ҷаҳонро,
зуд мемиред,
Ҷавонмаргӣ дар ин дунёи аблақ
расми дерин аст…
Ҷавонмаргон!
Агарчанде наояд заррае имдод аз дастам,
Шуморо мешиносам хубу
ҳамдарди шумо ҳастам!
* * *
Меомадӣ парида сӯи канори ошиқ,
Аз тирамоҳи дунё сӯи баҳори ошиқ,
Аз интизори ошиқ то ифтихори ошиқ.
Аз хештан бурида меомадӣ ба дида,
Ором ҷуста аз ман дар худ наёрамида,
Эй ғамгусори ошиқ, эй ҷоннисори ошиқ.
Месӯхтӣ, валекин месохтӣ диламро,
Меёфтӣ ба ҳар роҳ бероҳа манзиламро,
Эй чашми роҳдида дар раҳгузори ошиқ.
Ман бо дили шикаста, хуммори ношикаста,
Дар дасти интизорам гулҳои даста-даста,
Мурдам дар интизорат, деринтизори ошиқ.
Эй оташи ҷавонӣ аз як шарори камҷон,
Эй оташи ҷавонӣ – оташ зада ба кайвон,
Як зарра кам накардӣ аз дӯш бори ошиқ.
Рафтию орзуям дар орзуи ту мурд,
Фардои ҷустуҷӯям дар ҷустуҷӯи ту мурд,
Эй беқарори ошиқ – марги қарори ошиқ.
Беранг рафтӣ аз ман, эй орзуи рангин,
Эй ёди ишқи дерин, эй ёди ишқи ширин,
Эй ёдгори ошиқ аз рӯзгори ошиқ!
* * *
Дар чашми осмоният дидам шарорае,
Гӯӣ шарораи дили пуроташи ман аст.
Дар осмони чашми ту дидам ситорае,
Гӯӣ ситораи дили меҳнаткаши ман аст.
Чун дар замин наёфтам ман осмони хеш,
Уммеди осмониям аз чашмҳои туст.
Байни замину осмон вомонда хастадил,
Дидори зиндагониям аз чашмҳои туст.
Ман дида чашмҳои ту, дидам, ки зиндагӣ
Кӯр аст дар баробари ҳусну ҷамоли ту.
Ман аз хаёли шоирӣ бас хаста будаам,
То боз кард шоирам ёду хаёли ту.
Дар кӯчаи тахайюлу пиндорҳои хеш
Ногоҳ ёфтам туро монанди шеъри ноб.
Эй шуълаи хаёлии савдои хоми ман,
Чун офтоб бар ҳама хомии ман битоб!
Дар чашми нилгуни ту ҷустам паноҳи дил,
Дидам, ки чашми зиндагӣ пур нам гирифтааст.
Эй кош, донӣ аз ҳама чашмони дилфиреб
Чашмони нилии туро чашмам гирифтааст.
Маъсуму бевубол чу эҳсоси ошиқӣ,
Дидори хандарези ту андӯҳгин мабод.
Чашмони осмоният бо он нигоҳи пок
Ҳаргиз ниёзманди замону замин мабод!
Ман чашмдори бахти сабз аз чашми сабзи ту,
Ман омадам ба даргаҳи сабзи баҳори ишқ.
Чашмони сабзи ту агар ёде зи ман кунанд,
Дорам умеди ёди сабз аз ёдгори ишқ.
Мо хокиему оқибат бар хок меравем,
Дархостҳои мо зи мо чун дерзитаранд,
Аз ин замини пургунаҳ эй кошки маро
Чашмони осмоният то осмон баранд!
То осмон баранд, ки он ҷо зи хоки паст
Ёбам фарози давлату хуш зиндагӣ кунам.
То осмони чашми ту сар барфарохта,
Дар осмони ишқ сарафкандагӣ кунам!
22.4.198

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail