ВАРЗОБ

Аз синаи хок, аз синаи санг,
Мастона оӣ бо шӯру оҳанг,
Эй мавҷи бехоб, эй набзи бетоб,
Дарёи Варзоб, дарёи Варзоб.
Гулбоғ аз ту шаҳри Душанбе,
Рӯҳу равонӣ баҳри Душанбе,
Эй мавҷи бехоб, эй набзи бетоб,
Дарёи Варзоб, дарёи Варзоб.
Атри ҷавонист атри насимат,
Ёди баландист номи қадимат,
Эй мавҷи бехоб, эй набзи бетоб,
Дарёи Варзоб, дарёи Варзоб.
15.10.1982

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail