ВАСФИ ИСТИҚЛОЛ

Нӯрест ба дидагони мо Истиқлол,
Зӯре ба тану равони мо Истиқлол.
Як миллати пошхӯрдаро ҷамъ овард,
Пайвандгарди ҷаҳони мо Истиқлол.

Бо пайки хушаш ҳама Ватансоз шудем,
Ному насабу забони мо Истиқлол.
Соҳибватанему соҳиби қисмати хеш,
Муъҷизаи шаъну шони мо Истиқлол.

Равшан шуда аз чароғи чашмаш роҳи мо,
Моҳест дар осмони мо Истиқлол.
Эй ҳамқлами азиз, васфаш бисаро,
Зебоии достони мо Истиқлол.

Шукрона, ки дар канори ӯ масрурем,
Ободии хонадони мо Истиқлол.
Шаҳномаву Шаҳриёру Шаҳрия турост,
Тоҷи шарафу нишони мо. Истиқлол.

 

 

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close