ВАСИЯТИ ФИРДАВСӢ

Кашф нанмояд ситора дар фалак
Ҳеҷ як ахтаршинос андар ҷаҳон
Бо умеди он, ки тобад аз само
Бар сари ӯ бештар аз дигарон.
Шоирӣ ҳам чун расадҷӯӣ бувад –
Доимо ҷӯяд ситора дар Ватан.
То шиносад ахтари иқболи халқ,
Баҳри нафъи худ намегӯяд сухан.
Ҳеҷ деҳқон тухм н-афшонад ба хок
Бо умеди он, ки дар рӯи Замин
Ғайри кишти ӯ нарӯяд майсае,
Нангарад ҷуз ӯ касе сӯи Замин.
Шоирӣ ҳам бар масал деҳқонӣ аст.
Бо умеде корад ӯ тухми сухан
То бисабзад, гул кунад, бор оварад
Чун дарахтон дар заминҳои Ватан.
Ҳеҷ меъморе насозад хонае
Бо умеди он ки дар он одамӣ
Рӯзи хуш нодида пурғам бигзарад,
Дар ҷаҳон чун бенасиб аз оламе.
Шоирӣ ҳам бар масал меъморӣ аст,
Зиндагиро ҳар нафас дигар кунад.
Аҳли ҷонро дӯсттар бо аҳли ҷон,
Ошиқонро боз ошиқтар кунад.
Ҳеҷ як кишваркушо андар замин
Кишвареро баҳри худ накшодааст.
Пой андар кишвари накшодае
Аз барои суди худ нанҳодааст.
Шоири дафтаркушо – кишваркушост.
Қасдаш он бошад зи шеъру шоирӣ,
К-одамӣ ҳар лаҳза одамтар шавад,
То кунад чашми ҳақиқат доварӣ.
Эй, ки суди хеш ҷӯёнӣ зи шеър,
Хешро беҳуда саргардон макун!
Ман, ки пур кардам ҷаҳонро аз сухан,
Дасти холӣ рафтаму дил пур зи хун…
Панди ман бипзиру ёде кун зи ман,
Дар ҷаҳони шоирӣ шодӣ маҷӯ.
Табъи олӣ гар атоят кардаанд,
Дар сухан дигар мукофоте маҷӯ!
1976

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail