Висоли ӯ зи умри човидон беҳ

Висоли ӯ зи умри човидон беҳ,

Худовандо, маро он деҳ, ки он беҳ!

Ба шамшерам заду бо кас нагуфтам,

Ки рози дӯст аз душман ниҳон беҳ!

Ба доғи бандагӣ мурдан бар ин дар,

Ба ҷони ӯ, ки аз мулки ҷахон беҳ!

Худоро. аз табиби ман бипурсед,

Ки охир кай шавад ин нотавон беҳ?

Гуле, к-он поймоли сарви мо гашт,

Бувад хокаш зи хуни арғавон беҳ!

Ба хулдам даъват, эй зоҳид, мафармо,

Ки ин себи занах з-он бӯстон беҳ!

Дило доим гадои кӯйи ӯ бош,

Ба ҳукми он, ки давлат човидон беҳ.

Ҷавоно, сар матоб аз панди пирон,

Кн ройи пир аз бахти ҷавон беҳ.

Шабе мегуфт: «Чашми кас надидаст,

Зи марвориди гӯшам дар ҷахон беҳ».

Агарчи Зиндаруд оби ҳаёт аст,

Вале Шерози мо аз Исфаҳон беҳ.

Сухан андар даҳони дӯст шаккар,

Валекин гуфтаи Ҳофиз аз он беҳ.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail