ВОДАРЕҒ

zima

Фасли гармӣ рафту боз омад зимистон, водареғ,

Бедаву  силос н-овардам, водареғ.

Ҳар куҷо буд сояи салқин бед он ҷо шудам,

Коҳи хирманро наовардам ба каҳдон, водареғ.

 

Оҳ мегӯям ки оғилил монд бе таъмир боз,

Бехабар аз чорво гардидам рӯзи дароз.

Барфу борон аз ҳаво резад ба қаҳдон ҳар замон,

Кори тобистон накардам аз дилу ҷон водареғ.

 

Ҷумла ёрон кору борам дида ҳайрон гаштаанд,

Подабонҳоям ҳама аз манн гурезон гаштаанд.

Ферма пур аз гови лоғар шуд, аз он шармандаам.

Гаштам аз кори худ охир пушаймон, Водареғ!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail