ВОДАРЕҒО

Чашми бахтат кӯр гашта, ҷойгоҳат гӯр гашта,
Хонадон мотамсарову хокдон маъмур гашта.
Водареғи рӯзгорат,
Водареғи эътиборат,
Водареғи чашми чорат,
Водареғо, водареғ…
Хонаи ту дар надорад, саргузаштат сар надорад,
Он дили ғамошноят ғамгусоре ғайри хоки
тар надорад.
Водареғо аз ҷавонӣ,
Водареғ аз комронӣ,
Водареғ аз зиндагонӣ,
Водареғо, водареғ…
Рӯи гӯрат ҳар баҳорон аз сиришки чашми ёрон
Сабза рӯяд то бигӯяд: водареғ аз рӯзгорон…
Водареғи чашми бино,
Водареғи рӯи зебо,
Водареғи меҳри дунё,
Водареғо, водареғ…
* * *
Зиндагӣ пираҳани афсурдаст,
Дарбеҳаш гар бикунӣ, боз дарад.
Раҳи мақсуд, раҳи фардоро
Гар қариб оварӣ, ӯ дур барад.
Зиндагӣ ҳамчу пизишкест, ки ӯ
Гар яке дард табобат бикунад,
Баъди дармони сару сактаи дил
Дарди нав бар ту зиёдат бикунад.
Зиндагӣ шуъбадабозест ғариб –
Оқилонаш ҳама аблаҳ миранд,
Роҳҳояш – ҳама бероҳаю қалб,
Раҳбаронаш ҳама гумраҳ миранд.
Ошиқонаш ҳама дар дашти фироқ
Роҳ пӯянду ба манзил нарасанд.
Дӯстонаш ҳама дилҷӯй, вале
Аз раҳи дил ба раҳи дил нарасанд.
Ташнакоманд ҳама дар лаби рӯд,
Ҷумла хоманд миёни оташ.
Ҳама хомӯш чу хокистари сард,
Гарчи доранд забони оташ.
Бел ронанд ба рафти дарё,
Кам касе ҳаст муқобил биравад.
Ҳар касе бо пули даврон нагузашт,
Бо пули марг ба соҳил бирасад.
1989

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail