Умари Хайём — Рубоиёт — 3

139
Ҳар сабза, ки бар канори чуе будааст,
Гуй, ки хати фариштахуе будаст.
То бар сари сабза по ба хори наниҳи.
К-он сабз зи хоки лоларуе будаст.
140
Ҳар, к-у руқаме зи ақл дар дил бинг дошт,
Як зарра зи умри хеш зоеъ нагзошт.
Ё дар талаби ризон эзид кушид,
Ё роҳати тан гузиду соғар бардошт.
141
Хуш дор, ки рузгор шурангез аст,
Эмин манишин, ки теғи даврон тез аст.
Дар коми ту гар замона лавзина ниҳад,
Зинҳор фуру мабар, ки заҳромез аст.
142
Ё раб, ту каримиву карими карам аст,
Оси зи чи ру бурун зи боғи Ирам аст?
Бо тоатам аз авф куни, нест карам,
Бо маъсиятам агар бибахши, карам аст.
143
Ёре, ки дилам зи баҳри у зор шудаст,
У чои дигар ба ғам гирифтор шудааст.
Ман дар талаби илочи худ чун кушам?
Чун он, ки табиби мост, бемор шудаст.
144
Як чуръаи май зи мулки Ковус беҳ аст,
В-аз тахти Кубоду масиади Тус беҳ аст.
Ҳар нола, ки ринде ба суҳаргоҳ занад,
Аз тоати зоҳидони солус беҳ аст.
145
Як шиша шароб хурда боши пайваст,
Ҳои то наниҳи ту рузи одина зи даст.
Дар мазҳаби бо шанбеву одина якест,
Чабборпараст бош на зурпараст.
146
Як шиша шаробу лаби ёру лаби кишт,
Ин чумла маро нақду туро нася биҳишт.
Қавме ба биҳишту дузах андар нараванд,
Ки рафт ба дузаху ки омад зи биҳишт.
147
То битавони ғами чаҳон ҳеч масанч,
Бар дил манеҳ аз омадаву н-омад ранч.
Хуш мехуру мебош дар ин даври сипанч,
Бо худ набари чаве, агар дорои ганч.
148
Эй орази ту ниҳода бар насрин тарҳ,
Руи ту фиқанда бар бутони Чин тарҳ.
В-эй ғамзаи ту дода шаҳи Бобулро,
Аспу руху филу байдақу фарзин тарҳ.

149
Чун мегузорад умр, чи Бағдоду чи Балх,
Паймона чу пур гашт, чи ширину чи талх.
Май нуш, ки баъд аз ману ту моҳ басе,
Аз салҳ ба ғурра ояду аз ғурра ба салҳ.
150
Оранд якеву дигаре бирбоянд,
Бар ҳеч касе роз ҳаме накшоянд.
Моро зи қазо чуз ин қадар нанмоянд,
Паймонаи умри мост, мепаймоянд.
151
Онон, ки асоси кор бар зарқ ниҳанд,
Оянду миёни чону тан фарқ ниҳанд.
Бар фарқ ниҳам сабуи майро з-ин пас,
Гар ҳамчу хурусам арра бар фарқ ниҳанд.
152
Онон, ки асири ақлу тамийз шуданд,
Дар ҳасрати ҳасту нест ночиз шуданд.
Рав, бохабаро, ту оби ангур гузин,
К-он бехабарон ба ғура майвиз шуданд.
153
Онон, ки кашандаи шароби нобанд,
В-онон, ки ба шаб ҳамеша дар меҳробанд.
Бар шушқ касе нест ҳама дар обанд,
Бедор якест, дигарон дар хобанд.
154
Он бода, ки чун чони хирадманд бувад,
То кай ба сафоли тира дар банд бувад.
Инсоф… на хайф аст чунин ҳамнафасе,
Гар ҳамдами саркуфтае чанд бувад.
155
Он қавм, ки саччодапарастанд, харанд,
Зеро ба зери бори солус доранд.
В-ин аз ҳама турфатар, ки дар пардаи зуҳд,
Ислом фурушанду зи кофар батаранд.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail