Хазони умри ману ту

Шуд мавсими хазон, ба гулу ғӯнча ноз ку?
Бо ҷабҳаи шикастаи булбул ниёз ку?
Дасти тиҳӣ чу сабза барорад зи хона сар,
Озодаро чу сарв забони дароз ку?
Булбул зи боғ рафту заған гашт ҷонишин,
Дар гӯши сокинони чаман имтиёз ку?
Оҳу ба як назар дили Маҷнун хароб кард,
Дар чашми дилбарон нигаҳи ҷонгудоз ку?
Шабнам зи рӯйи бистари гул гашт нопадид,
Чашме, ки хуфта буд ба болини ноз, ку?
Дарҳои хайргоҳ бибастанд аҳли ҷоҳ,
Эй чархи сифла, Ҳотами мискиннавоз ку?
Мурғони байза сар ба сари по кашидаанд,
Бар дасти ҳодисоти фалак шоҳбоз ку?
Зулфе, ки дил ба силсилаи ӯ ҳақир буд,
Мекард по ба ҷониби меҳмон дароз, ку?
Эй дил, биё, ки масҷиду майхона шуд хароб,
Бо майкашон ниёзу ба зоҳид намоз ку?

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close