Хоби роҳат

Ёди он шабҳо, ки дар базмат фароғат доштам,
Сар ба сар монанди абрӯ хоби роҳат доштам.
Дар ҳаримат карда будам по сутун монанди шамъ,
Теғ меборид бар сар, истиқомат доштам.
Ман чӣ кардам, ноумед аз базми васлат кардиям?
Аз ту, эй бераҳм, уммеди мурувват доштам.
Дар хаёли ман, чу гулчин, фикри гул чидан набуд,
Аз гулистонат ба бӯйи гул қаноат доштам.
Чун чароғи рӯз дар чашмат надорам эътибор,
Ин сазои он ки умре поси суҳбат доштам.
Аз ҳаводисҳои айёмам набуд андешае,
Пушт чун тасвир бар девори ғафлат доштам.
То шудам хоки раҳат, эй кош, ҳамчун Сайидо,
Бо қадат чун соя он рӯзе ки улфат доштам.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close