Холаи Гаҳвар

 

Зани боҳунар

Холаи  Гаҳвар,

Каси мӯьтабар

Холаи Гаҳвар.

 

Ҷон асту  ҷигар

Холаи Гаҳвар,

Яктои гӯзар

Холаи Гаҳвар.

 

Машғули  кор  аст

Аз супхто шом,

Холаи Гаҳвар

Надорад ором.

 

Гӯядки  ки одам

Зиндаст бо кор.

Аз рӯйи бекор

Дунёст   безор.

 

Ё пашм ресад

Дар бурҷи  айвон,

Ё рағза бофад

Дар кунҷи майдон

 

Бандад ҳамеле

Аз мева тар,

Камзӯлу тоқӣ

Ё дӯзад аз зар.

 

Ё нон  пазад ӯ,

Ё уши угро…

Як дам набинӣ

Бе кор ӯро.

 

Ҳамсояҳоро

Коре барояд,

Холаи Гаҳвар

Бо сар биёяд.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close