ХОНА -ПУРИ ДОНА

Мӯрча рӯзи тамом
Бар кашон-кашон кард,
Аз субҳ то дами шом
Пур хамаро зи дон кард.
Дон разқи хонадон аст,
Серӣ зи рӯйи дон аст.

Болои ҳам рахти дон
Бар шуду баста шуд,
Аз раву о, гиру мон
Мӯрчаяк хаста шуд,
Мӯрчаяк бемиён шуд,
Оби рухаш чакон шуд.

Мӯрчагон-баччагон,
Дар ҷо яке барҳаво
Соз аз барои модар
Карданд дилнишин ҷо.
То каме роҳат кунам,
Хуш истироҳат кунад.

Чобук ҳар сӯ давиданд,
Обаш овардан нон,
Бодом оварданда қанд,
Назди модар рӯйи хон.
Бо омад оши палав
Аз дони шолии нав.

Зери сояи сада,
Пеши як села фарзанд,
Мӯрча паҳлу зада,
Мӯрча хеле хурсанд.
Ҳар коре. Ҳалол аст,
Роҳаташ бемалол аст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close