ХОТИРА ДАР ПУШТИ РАСМ

Ин расми ёдгорест аз давраи ҷавонӣ,
Аз рӯзгори ширин, аз даври камнишонӣ.
Он рӯз маст будам, масти хумори ёрон,
Дил ёди ёр мекард дар синаам ниҳонӣ.
Эй дӯст, дида расмам, ҳар гаҳ ба хотират ор
Бебокии ҷавонӣ, шӯхию ҳазли бисёр.
Расмам намешавад пир, зеро ки ҷон надорад,
Хашму ғазаб надорад, з-ӯ нест ранҷу озор.
Дар зиндагонӣ аммо ранҷондаам туро ман,
Бо амри меҳр буд он, на қасду қаҳри душман.
Ин расм тӯҳфа кардам, то ки маро бубахшӣ,
Доғ аз дилат бигирӣ, бошӣ рафиқ бар ман.
Ту меравӣ зи наздам, айшу нишот бо туст,
Хайр, эй рафиқи ҷонӣ, табъи кушод бо туст.
З-ин баъд ҳамдигарро бинем ё набинем –
Ин расм ҳам салому ҳам хайрбод бо туст.
14.9.1962

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close