ХОТИРА ДАР ПУШТИ СУРАТ

Навбаҳор асту зи гулзор гуле ночида,
Дами гарм асту ба дилҳост вафо нақд ҳанӯз.
Сари субҳ асту нафасҳост ба ҳам печида,
Ту ба ман шиква наёмӯз, ки барвақт ҳанӯз.

Ин нигаҳҳо асари ҳузн надоранд, нигор,
Масти ҳуснанду ҷавониву таманно доранд.
Тирашон хок нахурдаст, хуморанд, нигор,
Сода, бекинаву берамз шарарҳо доранд.

Роҳашон гум нашуда аз асари гиряву оҳ,
Бар ниҳонхонаи дилҳо ҳама дам роҳ баранд.
Ҳама дам барқ зада аз дари ду чашми сиёҳ
Тори таҳпардаи дилро ба фусун чанг заданд.

Байни неку бади дунё раҳи фардо кобанд,
Нуқтаи хайр гузоранд, ба худ банд шаванд.
Нӯки сарриштаи тақдири худӣ чун ёбанд,
Ба наху риштаи умри ҳама пайванд шаванд.

Интиҳои раҳи наззора куҷоҳост, рафиқ?
Зиндагӣ ҳарчӣ ба пешаш бикушояд, бинад.
Андар ин роҳ ба дидан ҳама пайдост, рафиқ,
Гар гирифтан нашавад, фарз намояд, бинад.

То ба домони уфуқ ҳаст раҳи наззора,
Ҳар қадар пеш равад, дур шавад он домон.
Лек андар раҳи ҷустан нигаҳи овора
Саду як роҳи дигар кашф кунад дар даврон.

Дили пок асту зи кас доғи алам нодида,
Эътиқод аст ба ин зиндагию олами сӯз.
Сари субҳ асту нафасҳост ба ҳам печида,
Ту ба ман нола наёмӯз, ки барвақт ҳанӯз.

21.12.1964

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail