Хуни одам — хуни дил

Зи хуни дил шуда рангин ду дидаи тари мо,
Баҳори лолаи мо гул кунад зи соғари мо.
Чаро чу шамъ ба болини мо намеойӣ?
Зи интизории беҳад сафед шуд сари мо.
Гузашт умру дили мо ба орзу нарасид,
Дар ошёни мо пир шуд кабӯтари мо.
Ба пойи такяи мо сар фурӯ намеорад
Кулоҳи гӯшаи маъшуқи ноқаландари мо.
Ситорасӯхтагон чун сипанд саршоранд,
Куҷост гиряи абри баҳори ахтари мо?
Задӣ ба теғу буридиву сохтӣ помол!
Чӣ рӯзҳо, ки наафгандаӣ ту бар сари мо.
Ба Сайидо назари марҳамат намесозӣ,
За чашми доми ту афтода сайди лоғари мо.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail