МАРО ХУШБАХТ КУН, ЭЙ ГУЛ

Туро ман ёфтам аз ошёни сарбаландиҳо,
Маро хушбахт кун, эй гул!

Ба даври домани гулдӯзият номи маро ҳам дӯз,
Ба даври гардани худ ҳалқаи дасти маро овез.
Ба боли абруят якумр биншон обрӯямро,
Диламро гир баҳри зиндагият ҳамчу дастовез.
Туро ман ёфтам чун нӯшханди субҳи бахтафзо,
Маро хушбахт кун, эй гул!

Ба гирди оташе, ки буд як вақте худои мо,
Хиромон чарх зан, сӯзон гуноҳи хешро яксар,
В-аз он пас пой неҳ бар остони хонаи ошиқ,
Бинеҳ бо дасти дунёдори худ
бар фарқи ман афсар.

Туро ман ёфтам чун остони хонаи фардо,
Маро хушбахт кун, эй гул!

Рухи чун пахтасебатро,
Нигоҳи дилфиребатро,
Саропои базебатро дилам хоҳад парастидан.
Ту ҳам, эй бозубанди зарнигори зиндагониям,
Маро магзор дар ин роҳ беимдод лағжидан.
Туро ман ёфтам ҳамчун мададгори дили шайдо,
Маро хушбахт кун, эй гул!

Маро оғоз деҳ, парвоз деҳ сӯи тамомиҳо,
Дили саркаш, дили нобоварамро
ром кун дар ишқ,

Худатро сарбаланди ҷумла олам кун
ба номи ман,
Ба подоши вафои худ маро гумном кун дар ишқ.
Туро ман ёфтам аз он раҳе, ки кофтам худро,
Маро хушбахт кун, эй гул!

17.7.1965

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close