Як тараф азохона

Як тараф азохона, як тараф ҷазохона,
Мурғи дил намехонад дар сарои вайрона.
Раҳ ба раҳ ҳама сарсон дар қаламрави сарсом,
Нест аз хушӣ пайғом дар диёри бегона.
Модарони бекӯдак, кӯдакони бемодар,
Мурғакони белона ҷумлагӣ тиҳичона.
Духтари сияҳпича – моми шоири фардо
Дар диёри худ дорад нолаи ғарибона.
1994

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close