Як наъраи шерона

Як наъраи шерона, эй миллати шеравжан,
Шоиркуширо бас кун, эй қудрати шерафкан!
Равшандилият равшан бар кулли башар буда,
Ҳар тирадиле бинӣ, тир аз паи тир афкан!
Гар қуллаи кӯҳатро тасхир кунад пасте,
Аз зурва ғурур омӯз, аз зурва ба зер афкан!
Ҳар кас ба сарат боре даъвои кабирӣ кард,
З-ӯ беш кабирӣ кун, саркӯбу ҳақир афкан!
Шамшери сухан баркаш, дар пои Ватан ҷон рез,
Ҳар ҷо дудиле бинӣ, дар хок далер афкан!
Моҳит ба шастат нест, дарёт ба дастат нест,
Дасте зану шасте неҳ, фарёду нафир афкан!
Як зарра зи худ бар шав, пирояи кишвар шав,
Ин мову маниҳоро чун мурдаи пир афкан!
Аз кӯҳи баландӣ ту, аз чист нажандӣ ту?
Боло раву боло рав, эй миллати шеравжан!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close