ЯЪС

Дафтарам холист, холӣ,
Соғарам холист, холӣ.
Аз баду неки ҳарифон
Хотирам холист, холӣ.
Кисаам холист аз пул,
Синаам холист аз ишқ.
Ишқро худ зода, куштам,
Ваҳ, чӣ бадфолист аз ишқ.
Хома аз иншост холӣ,
Мағзам аз афкор холист.
Гирдгардиҳои шавқам
Чун хати паргор холист.
Миз холӣ, даст холӣ,
Аз ғами дил хона холист.
Аз ҳама девонагиҳо
Ин дили девона холист.
Дар дилам оташ намонда,
Синаам аз сӯз холист.
Кӯлвори шеъру ишқам
Баъд аз ин ҳар рӯз холист.
Ёри душманрӯй пурдил,
Ваъдагоҳи ёр холӣ.
Дилпурам аз ваъда, аммо
Манзили дидор холӣ.
Бекарон холист, холӣ,
Ин ҷаҳон холист, холӣ.
Ҷовидонӣ гар набошам,
Ҷовидон холист, холӣ.
Эй ҷаҳони гирдгардон,
Гирди ман боре бигард!
То зи навмедӣ намирад
Марде аз мардони мард!
Варна ту ҳарчанд дар худ
Пойдору ҷовидонӣ,
Гар зи ту холӣ бимонам,
Ту зи ман холӣ намонӣ!
28.1.1980

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail