Ё Раб

Эй шоҳиди қудсӣ, кӣ кашад банди ниқобат,
В-эй мурғи биҳиштӣ, кӣ диҳад донаву обат ?
Хобам бешуд аз дида, дар ин фикри ҷигарсӯз,
К-оғуши кӣшу манзили осоишу хабат ?
Дарвеш намепурсиву тарсам, ки набошад
Андешаи омурзишу парвои савобат.
Роҳи дили ушшоқ зад он ҷашми хуморӣ,
Пайдост аз ин шева, ки маст аст шаробат.
Тире, ки задӣ бар дилам аз ғамза, хато рафт,
То боз чӣ андеша кунад ройи савобат.
Ҳар нолаву фарёд, ки кардам, нашунидӣ,
Пайдост, нигоро, ки баланд аст ҷанобат.
Дур аст сари об аз ин бодия, ҳуш дор,
То ғули биёбон нафиребад ба саробат.
То дар раҳи пирӣ ба чӣ оин равӣ, эй дил,
Боре ба ғалат сарф шуд айёми шабобат.
Эй қасри дилафрӯз, ки манзилгаҳи унсӣ,
Ё Раб, макунод офати айём харобат.
Ҳофиз на ғуломест, ки аз хоҷа гурезад,
Лутфе куну боз о, ки харобам зи итобат.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail