Ёри азиз

Эй сабо, накҳате аз хоки раҳи ёр биёр,

Бибар андӯҳи дилу муждаи дилдор биёр!

Нуктаи рӯҳфазо аз даҳани дӯст бигӯ,

Номаи хушхабар аз олами асрор биёр!

То муъаттар кунам аз лутфи насими ту машом,

Шаммае аз нафаҳоти нафаси ёр биёр!

Ба вафои ту, ки хоки раҳи он ёри азиз,

Бе ғуборе, ки падид ояд аз ағёр биёр!

Гарде аз раҳгузари дӯст ба кӯрии рақиб

Баҳри осоиши ин дидаи хунбор биёр!

Хомиву содадилӣ шеваи ҷонбозон нест,

Хабаре аз бари он дилбари айёр биёр!

Шукри онро, ки ту дар ишратӣ, эй мурги чаман,

Ба асирони қафас муждаи гулзор биёр!

Коми ҷон талх шуд аз сабр, ки кардам бе дӯст,

Ишвае з-он лаби ширини шакарбор биёр!

Рӯзгорест, ки дил чеҳраи мақсуд надид,

Соқиё, он қадаҳи оинакирдор биёр!

Далқи Ҳофиз ба чӣ арзад? Ба маяш рангин кун,

В-он гаҳаш масту хароб аз сари бозор биёр!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail