Юсуф

Ҳамон корвоне, ки суф мефурӯхт,
Фаромад ба бозору Юсуф фурӯхт.
Азизи Зулайхо, ки суф мехарид,
Даромад ба бозору Юсуф харид.

Ба зан гуфт асло ғуломаш махон,
Чу фарзанд хонаш ту дар хонадон,
Ки дар чеҳрааш нури пайғамбарист,
Чунин чеҳра бе фоли фархунда нест.

Вале зан илоҷи таҳаммул надошт,
Ба Юсуф бинои муҳаббат гузошт,
Ки ҳусни гулӯсӯзи ӯ дар назар
Гулӯсӯзтар мешуд аз пештар.

Яке рӯзи монанди оби халиҷ,
Ки оромиаш бебало нест ҳеҷ,
Зан аз шавқи ишқи ҷавон буд маст,
Ҷавонро дарун хонду дарро бибаст.

Ҳарису ҳаросону саршори нафс
Чу дар тангное ба ӯ гашт ҷафс.
Валекин аз он кулба Юсуф шитофт,
Зулайхо чу гурге ба Юсуф шитофт.

Ҷавон ҷасту аз дарби долон гирифт,
Вале дасти зан аз гиребон гирифт.
Зулайхо ҷавонро ба бистар кашид,
Ҷавон cap надод, аз лаби дар кашид.

Ҷавон аз Зулайхо, ки cap мекашид,
Зулайхо ҷавонро батар мекашид.
Зулайхо, ки сӯи дарун мекашид,
Ҷавонро ту гӯи, дарун мекашид.
Зулайхо, ки мӯи ба мӯ мекашид,
Ҷавонро ба кому гулӯ мекашид.

Кашидан ду танро ба ҷое кашид,
Ки гӯё намешуд ҳавое кашид.
Чунон шуд, ки танпӯши Юсуф дарид.
Гиребонаш аз души Юсуф дарид.
Баромад ҷавон аз гиребони суф,
Ба монанди моҳи шабе аз хусуф.

Аз ин пас Зулайхо, ки ноком буд,
Зулайхо набуд, гурги бадном буд.
Ки он Юсуфи хӯрдааш зинда монд,
Даҳонаш вале Юсуфолуда монд.
Пароканда шуд моҷарояш, ҳамон
Ба гуфтан нишастанд мисризанон,
Ки ҳамбистари бевафои Азиз
Тамаъ карда аз бардааш хобухез.

Зулайхо, ки ин таънашонро шунид.
Аз ин таънашон бӯи ғафлат шамид.
Фиристоду талбидашон назди хеш.
Ба одоби меҳмоннавозии беш.
Хушомадзанон лӯлаболиш ниҳод,
Навозишкунон хону хуриш ниҳод.

Дар аснои авҷу қиёми нишаст,
Ғурури занонро Зулайхо шикаст.
Ба ҳар як турунҷеву тезина дод,
Бари озмун дод, бе кина дод.

Сипае, ҷониби ғурфа иммо намуд,
Ҷавонро ба маҷлис тақозо намуд.
Даромад яке Юсуф ороста,
Ба зевар саропош пероста.

Чи хотун, чи отун ҳар он зан, ки буд
Ҳама ногаҳон моту мабҳӯт шуд,
Ба ҷои турунҷ аз шигифти шадид.
Нафаҳмида ангушти худро бурид.

Ба назди Зулайхо хиҷолат шуданд,
Пушаймони сахт аз маломат шуданд.
Бирафтанд азҳсантгӯён бурун,
Аз он Юсуфобод бо дасти хун.

1997, Ҷаксонвилл.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close