ЗАБОНИ ПАЙҒАМБАРОН

Метаровад ширмаҳтоб
Дар шиканҳои маҳини мавҷи об.
Метаровад нури қандил
Дар рухи гулгуну дар ҷоми шароб.
Менавозад нам-нами борон
Мӯю рӯятро баҳорон.
Менавозад рӯҳу ҷонро
Чун насими атргардон.
Бигзарӣ аз бӯстоне
Чор сӯ бинӣ гулафшон,
Гарди гул бинӣ нишаста
Бар сари абрӯю мижгон…
Соате гар гӯш бидҳӣ,
Бар танини обшорон,
Гарди оташ мерасад
Бар сару рӯят гуворо.
Дар ҳарири резаборон –
Ҷилваи рангинкамон.
Тору пуди обшорон –
Тору пуди ин забон…
Бишнавӣ боре забони тоҷикӣ –
Ин забони шоирон – пайғамбарон,
Оварӣ ёде зи кишту ҳосилат…
Бишнавӣ бори дигар,
Шаҳд ҷӯшад бар лабонат,
Шеър ҷӯшад аз дилат…
6.11.1973

 

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail