ЗАҲМАТИ БАРАБАС

Одами аҳди куҳан
Сангро бар санг зад,
то оташе барҷаст рост.
Ман, ки кӯҳи санги дилҳоро
ба ҳам даркӯфтам,
оташак ҳам барнахост.

***

Хушо, хушо ки расад бар висол булбулу гул,
Ки доғи боғ бувад гул ба боғ бе булбул.
Фидои булбулеям, к-ӯ ҳазор ғулғуларо
Дар он хамӯш кунад бо танини як ғулғул.
Шамими атри гуле ҳам димоғ пур созад,
Киҳеҷ шишаи холӣ намекунал қулқул.
Ҳазорҳо гиреҳ аз кори даҳр бикшояд,
Шабе ки даст бупечад ба печи як кокул.
Бақо куҷост вале васли дӯстдоронро,
Ки ним дам бувад айёми сулсулу сунбул.
Набуда заррае озарм чархи гардунро,
Ки гул ба сар биравӣ ё ки дар ду поят ғул.
Зи дасту пой канад банди Аҳриман Рустам,
Чу Рахш мекашад ӯро ба ҷониби Зобул.
Забони аҳли башар кай ба дил шавад якто,
Ки бар фалак бирасад бурҷи нимаи Бобул.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail