ЗАМИНИ ФУРУШИ

Бисёр саворагон бидидам,
К-аз фахр ба арш мерасиданд,
Биншаста ба рӯи зини заррин,
Аз синаи Моҳ мемакиданд.
Бо дасти амонати «худоӣ»
Аз домани Зӯҳра мекашиданд.

Ҳайҳот!
Ҳама пиёда гаштанд,
Аммо на чу ман пиёдаи роҳ…
Бар рахши Замин савораям ман,
Бар тахти замин нишаста чун шоҳ,
Ин тахт нагашта ҳеҷ вожун,
Ин асп ба раҳ намонда ногоҳ.
Ҳар кас, ки савораи Замин аст,
Чолоктар аз саворагон аст.

Ҳар кас, ки ба тахти ӯ нишинад,
Боло зи маҳу ситорагон аст,
Чун ӯст ҳамеша чархгардон,
Бедор чу гоҳворабон аст.

2.2.1967

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close