Зебосанам духтар

То сари зулфи ту дар дасти насим афтодаст,
Дили савдозада аз ғусса дуним афтодаст.
Чашми ҷодуи ту худ айни саводи сеҳр аст,
Лекин ин аст, ки ин нусха сақим афтодаст.
Дар хами зулфи ту он холи сияҳ донӣ, чист?
Нуқтаи дуда, ки дар ҳалқаи ҷим афтодаст.
Зулфи мушкини ту дар гулшани фирдавси узор,
Чист? Товус, ки дар боғи наъим афтодаст.
Дили ман дар ҳаваси рӯйи ту, эй мӯниси ҷон,
Хоки рохест, ки дар дасти насим афтодаст.
Ҳамчу гард ин тани хокӣ натавонад бархост,
Аз сари кӯйи ту з-он рӯ, ки азим афтодаст.
Сояи қадди ту бар қолибам, эй Исодам,
Акси рӯҳест, ки бар азми рамим афтодаст.
Он ки чуз Каъба мақомаш набуд аз ёди лабат,
Бар дари майкада, дидам, ки муқим афтодаст.
Ҳофизи гумшударо бо ғамат, эй ёри азиз,
Иттиҳодест, ки дар аҳди қадим афтодаст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail