ЗИ ҲАР ХИРМАНЕ ХӮШАЕ…

Ҳарҷо ки ҳаст душманӣ,
Кибру ғурур ман-манӣ.
Чароғи маърифат ҳам,
Хира кунад равшанӣ.
***
Ҳарҷо ки ҳаст ҷаҳолат,
Умед макун адолат.
Роҳат набошад он ҷо,
Ба мардуми вилоят.
***
Рости надиданд ростон,
Аз душманону, дӯстон,
Дӯстон шуда дурӯггӯй,
Душман чӣ кард? Дастон.
Дискатека чӣ ҷое,
Як ҷои беҳаё,
Заиф шавад имонат,
Ин ҷо агар биёй.
***
Ҳарку духтари дайдуе, ҳаст,
Дискатека меравад дасти ба даст.
Чанд ҷавоне сари роҳ мунтазиранд,
Ташнаи фисқу фасод масту аласт.
***
Коста, ки гардад ахлоқ,
Чӣ дар шаҳри чӣ қишлоқ.
Аз ин сабаб ҷавонон,
Зи ҷуфти худ шаванд тоқ.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close