ЗИ КӯЙ ЁР МЕОЯД НАСИМИ НАРВӯЗӣ

Зи кӯй ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ чароғи дил барафрӯзӣ,
Чу гул гар хурдае дорӣ, худоро, сарфи ишрат кун,
Ки Қорунро ғалатҳо дод савдойи зарандӯзӣ.

Сухан дар парда мегӯям,чу гул аз парда беран ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.
Мае дорам чу ҷон софеву сӯфӣ мекунад айбаш,
Худое, ҳеҷ оқилро мабодо бахти бадрӯзӣ.

Тариқи ком ҷустан чист! — Тариқи коми худ гуфтан,
Кулоҳи сарврӣ ин аст, ин тарк бардӯзӣ.
Ҷудо шуд ёри ширинат, кунун танҳо нишин, эй шамъ,
Ки ҳукми осмон ин аст, агар созӣ агар сӯзи.

Ба уҷбу ҷаҳл натвон шуд, зи асбобитараб маҳрум,
Биё, зоҳид, ки ҷоҳилро зиёда мерасад рӯзӣ.
Надонм, навҳаи қумрӣ ба тарфи ҷӯйборон чист?

Магар он низ ҳмчун манн ғаме дорад шабонрӯзӣ.
Ба бӯстон рав, ки аз булбул тариқи ишқ гирӣ ёд,
Ба ҷамлис ой, к-аз Ҳофиз сухан гуфтан биёмӯзӣ.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail