ЗИМИСТОН

Ҳавои сард омад, ҷӯй ях баст,
фарози кӯҳоро абр пӯшид.
Шамоли тунд аз машриқ  хурӯшид,
Ба рӯйи бому дарҳо барф биншаст.
Ба ҷойи зӯзҳои гарму тафсон

Зимистон шуд,
Зимистон шуд,
зимистон!

Ба рӯйи теппа  шодон мебароем,
Ки рӯйи барфи нав ҳар сӯй тозем
Ки ҷо-ҷо  ҳайкале аз барф созем,
Зи нав васфи зимисонро сароем:
Ба ҷойи рӯзҳои  гарму  тафсон

Зимистон шуд,
Зимистон шуд,
Зимистон!

Куҷо дорем мо парвои сармо,
Биборад  акнун ҳар қадар ҳам?
Ба зери барф монад бому дар ҳам.
Набошад интиҳо шодии моро:
Ба ҷойи рӯзҳои гарму тафсон

Зимистон шуд,
Зимистон шуд,
Зимистон!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail