ЗИНДАГӢ КУН ЧУ УҚОБИ КӮҲСОР

Мирмӯҳсин —
Шоири ширинсухан,
Ифтихори халқи хушбахти Ватан,
Мекунад парвоз сӯят бошитоб
Чун кабӯтар номаи табрики ман.
Ту ба шаст имрӯз мемонӣ қадам,
Лек ман ин роҳро тай кардаам.
Ғам набояд хӯрд!
Назди шоирон
Шастосо қомати шаст аст хам.
Ту ба ӯзбекӣ сухан меофарӣ,
Ман алфози ниёгонам дарӣ,
Лек ҷуз душман кӣ мегӯяд, ки ман
Дар садоқат дигарам ту дигарӣ?
Тоҷику ӯзбек халқи бовафо,
Дӯстони меҳрубонанд бовафо,
Дӯстони меҳрубонанд асрҳо,
Ҳар яке ҳозир, ки баҳри дигаре,
Гар шавад лозим, кунад ҷонро фидо.
Ҳиммати ин халқ моро беназир,
Дар ҳунар илҳомбахшу дастгир,
Бо чунин халқи бузургу мӯътабар
Ҳеҷ гоҳе кас нахоҳад гашт пир,
Зиндагӣ ҷорӣ бувад чун рӯдбор…
Шастро бо шаст гир андар канор,
Аз паи ҳафтоду ҳаштоду навад
Наварӯси сад ба роҳат интизор!
Бар туву ёрону фарзандони ту
Умри хушҳолона дорам орзу!
зиндагӣ кун чун уқоби кӯҳсор
Бахт дар парвоз бинмо ҷустуҷӯ!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close