ЗИНДАГӢ

Ман туро бахшам ҷавонӣ,
Ту ба пириям кашонӣ.
Ман ба ту меҳри дил орам,
Ту ба ман – номеҳрубонӣ.
Ман барои ту баҳорам,
Ту барои ман хазонӣ.
Куллиёти ашъор 317
Зиндагӣ, эй насяву нақд,
Зиндагӣ, эй ваъдаи бахт,
Мову ту наздику дурем,
Мову ту бинову кӯрем.
Ман ба роҳат ҷон фишонам,
Ту надонӣ қадри ҷонам.
Ман биҷӯям сад нишонат,
Ту наҷӯӣ як нишонам.
Ман кӣ бошам, ту кӣ бошӣ,
Ту надонӣ, ман надонам.
Зиндагӣ, эй насяву нақд,
Зиндагӣ, эй ваъдаи бахт,
Мову ту наздику дурем,
Мову ту бинову кӯрем.
Медавам ман кӯ ба кӯят,
То бубинам асли рӯят.
Медавам манзил ба манзил
Дил ба каф дар орзуят.
Медавам шодону ғамгин
Масти рангат, масти бӯят.
Зиндагӣ, эй насяву нақд,
Зиндагӣ, эй ваъдаи бахт,
Мову ту наздику дурем,
Мову ту бинову кӯрем.
9.4.1983

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail