Зулфи ту

Холи ӯ дар банди он зулфи чу шаст афтодааст,
Мужда бод, эй дил, ки дузди ман ба даст афтодааст.
Бар сараш Хуршед ҳамчун зарра меояд ба рақс,
Ҳар кӣ дар ин кӯй ҳамчун хок паст афтодааст.
Аз дари майхона то он шӯхчашми ман гузашт,
Соғар аз худ рафтаасту шиша маст афтодааст.
Аз таи дил сӯхта бар ҳоли ман ҳамчун кабоб,
Дидаи ҳар кас, ки бо он майпараст афтодааст
Хасм чун аз хона хезад, Сайидо, бошад бало,
Зулфи ӯро бингар аз хат сад шикаст афтодааст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail